Дар бораи Фонди Қарзии Хурди «Рушди Суғд»

Фонди Қарзии Хурди   «Рушди Суғд» (номи аввалааш Фонди Қарзии Хурди “Суғдмикрофин”)   28-октябри соли 2006 дар асоси Қарори Маҷлиси Муассисон таъсис ёфтааст, 04 – декабри соли 2006 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, 06- феврали соли 2007 соҳиби Шаҳодатномаи Бонки Миллии Тоҷикистон оиди додани қарзҳои хурд гардидааст, фаъолияти қарздиҳиро аз 1-июли соли 2007 шурӯъ намудааст. Соли 2010 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” дар Нозироти андози Бобоҷон Ғафуров аз нав ба қайд гирифта шудааст.   

    Дар маҷлиси Шӯрои парасторнони Фонди Қарзии Хурди “Суғд Микрофин” аз 07 феврали соли 2013 дар асоси мактуби Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2013 таҳти рақами 101-35/87, мутобиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Фонди Ҷарзии Хурди “Суғд Микрофин» ба номи Фонди Қарзии Хурди  “Рушди Суғд” иваз карда шудааст. Аз соли 2008 Фонди Қарзии Хурди   «Рушди Суғд»   аъзои ассотсиасияи ташкилотҳои маблағгузори Тоҷикистон мебошад.

  Дар байни ташкилотҳои маблағгузори хурди вилояти Суғд аз рӯи сандуқи қарзӣ ва шумораи мизоҷон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.

       Ҳоло миқдори сандуқи қарзии Фонди Қарзии Хурди «Рушди Суғд» зиёда аз 5575000,00 сомонӣ ва миқдори мизоҷон зиёда аз 1150 нафар мебошад, ки аз онҳо 635 нафарашон занҳо ташкил медиҳанд   

  Дурнамои Фонди Қарзии Хурди   «Рушди Суғд»:   “ Мусоидат намудан барои паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии деҳоти вилояти Суғд  бо роҳи пешниҳод намудани қарзҳои хурд”

                Фонд фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории  хурд”, Оиннома, Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ”, Кодекси андози Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки Миллии Тоҷикистон, Қоидаҳо ва тартиботҳои дохилии Фонд, аз қабили сиёсатҳои “Ҳисобӣ”, “Қарздиҳӣ”, “Экологӣ” ва “Маъмурӣ” амалӣ менамояд.

                 Фонд барои расидан ба ҳадафҳои оинномавии худ бо ташкилотҳои дохилӣ ва байналхалқии Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон (АТМХТ), Барномаи Рушди Созмони Миллали Мутаҳҳид (БРСММ), Агентии Бритонияви оид ба рушди байналхақи (DFID), Маркази техникии Германия (GIZ) ҳамкорӣ карда омада истодааст.

Дурнамои мо

          Ҳадафи Фонд мусоидат ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи пешниҳод намудани хизматрасониҳои муосири молиявӣ, таълимӣ ва машваратӣ, ки он ба рушди устувор ва пешрафти иқтисодии мизоҷони мо мусоидат менамояд 

Афзалиятҳои рақобатӣ:

´  Қарзҳо танҳо  бо пули миллӣ  пешниҳод карда мешаванд.

´  Ҷадвали пардохт тибқи хоҳиши мизоҷ тартиб меёбад.

´  Фоизҳои паст

´  Ба расмиётдарории
соддаи
ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ

´  Баррасии дархостҳо дар кӯтоҳтарин мӯҳлат

´  Мусоид будани мавқеъҳои ҷойгиршавии  Марказҳои хизматрасонӣ дар  пешниҳод ва бозгардонии қарзҳо

Архивы

Рубрики

At vero eos et accusamus et iusto odio digni goikussimos ducimus qui to bonfo blanditiis praese. Ntium voluum deleniti atque.

Melbourne, Australia
(Sat - Thursday)
(10am - 05 pm)
Melbourne, Australia
(Sat - Thursday)
(10am - 05 pm)