Маҳсулотӣ қарзии «Ҳунарҳои мардумӣ»
Қарздиҳии инфиродӣ
-шартҳои қарз:
1) синну сол аз 18 то 63 сола;
2) дар ҳолати доштани ҷои кории доимӣ, даромади муайян ва таҳлили ҳаматарафаи фаъолият синну соли аз 18 то 65 сола;
3) шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) пешниҳоди розигии аъзоёни на кам аз як нафар аъзои балоғатрасидаи оилаи муштарӣ;
5) имконияти таъмини қарз;
6) мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти иқтисодӣ;
7) андозаи қарзи аввал то 20000,00 сомонӣ, қарзи такрорӣ то 50000,00 сомонӣ.
—фоизҳо: 24% солона
—муҳлати қарз: қарзи аввал то 18 моҳ, мӯҳлати аз ҳама зиёди қарзҳо вобаста аз натиҷаҳои таҳлили муштарӣ 36 моҳро ташкил медиҳад.
-таъмини қарз: таъминоти гарави амвол, таъминоти замонати шахси воқеъӣ ва шахсони ҳуқуқӣ. Қарзҳо то 20000,00 сомонӣ бо як зомин, ё ин ки бо гарави амвол ва қарзҳо зиёда аз 20000,00 сомонӣ бо гарави амволи ғайриманқул пешниҳод карда мешавад.
Қарздиҳии гуруҳӣ
-шартҳои қарз:
1) бо кафолати гурӯҳие, ки аз 3 то 6 нафар аъзо доранд;
2) синну сол аз 18 то 63 сола;
3) дар ҳолати доштани ҷои кории доимӣ, даромади муайян ва таҳлили ҳаматарафаи фаъолият синну соли аз 18 то 65 сола;
4) шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) пешниҳоди розигии аъзоёни на кам аз як нафар аъзои балоғатрасидаи оилаи муштарӣ;
6) андозаи қарзи аввал то 7000,00 сомонӣ, қарзи такрорӣ то 10000,00 сомонӣ.
—фоизҳо: 24% солона
—муҳлати қарз: то 24 моҳ, зиёда аз 18 моҳро ба аъзоёни гуруҳҳое тавсия дода мешавад, ки такроран дар Фонд қарз мегиранд ва таърихи хуби қарзӣ доранд.
-таъмини қарз: кафолати гурӯҳӣ