“Тасдиқ карда шудааст”                Бо Қарори Шӯрои парасторони   

Бо Қарори  Шӯрои парасторони     Фонди қарзии хурди “Рушди Суғд”

Фонди қарзии хурди                      суратҷаласа №4 аз 22 ноябри

“Рушди Суғд”                              соли 2017  тағйирот ворид карда

Қарори №1                                 шудааст.

аз  “ 07” феврали соли 2013.          Раиси Шӯрои парасторон

Раиси Шӯрои парасторон                    Арипов М.М.
    Арипов М.М.

______________________                        ________________________

 

                

 Бо Қарори Шӯрои парасторони       Бо қарори Шӯрои парасторони

Фонди қарзии хурди “Рушди Суғд”  Фонди қарзии хурди “Рушди Суғд”

суратҷаласа  № 9  аз  31  декабри   суратҷаласа №5 аз 21 июни соли

соли  2020  тағйирот  ва  иловаҳо    2021 тағйирот ва иловаҳо
ворид  карда   шудааст.                   тасдиқ карда шудааст.

      Раиси  Шӯрои   парасторон:         Раиси Шӯрои парасторон:

Муллоев   Зариф   Насибалиевич      Муллоев Зариф Насибалиевич

 

      ________________________            _______________________________

 

 

  Бо қарори Шӯрои парсторони
 ФҚХ “Рушди Суғд” суратҷаласа
 №3 аз 24 июни соли 2023
 тағйирот ва иловаҳо тасдиқ
  карда шудааст.
 Раиси Шӯрои парасторон:
 Муллоев Зариф Насибалиевич

___________________________

 

 

                                 О И Н Н О М А И

             ФОНДИ ҚАРЗИИ ХУРДИ

                  «РУШДИ  СУҒД »

 

                                                        (дар таҳрири нав)

 

 

 

 

                                              шаҳри Хуҷанд – 2023 сол




I.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1.Фонди Қарзии Хурди «Рушди Суғд» минбаъд «Фонд» номида мешавад, мутобиқи  Кодекси граҷдании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотои маблағгузории хурд» ва дигар санадҳои меъёри-ҳуқуқии Ҷумҳурии Точикистон таъсис дода шудааст ва дар асоси Оинномаи мазкур амал мекунад. 

Оинномаи Фонди Қарзии Хурди «Рушди Суғд»  бинобар ворид намудани тағйироту иловаҳо ва мутобиқ кардани он ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» дар таҳрири нав қабул ва тасдиқ карда шудааст.

1.2.Номгӯи пурраи Фонд бо забони давлатӣ: Фонди Қарзии Хурди «Рушди Суғд».   

Номгуи кӯтоҳкардашудаи Фонд бо забони давлатӣ: ФҚХ «Рушди Суғд».   

1.3.Номгӯи пурраи Фонд бо забони русӣ;   Микрокредитнқй Фонд «Рушди Сугд».

Номгӯи кӯтоҳкардашудаи Фонд бо забони русӣ:  МКФ «Рушди Сугд». 

1.4. Муассисони Фонд  шахсони ҳуқуқии зерин мебошанд:

-Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии ҷамоати Меҳнатобод»-и н.Зафаробод.

    -Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии ҷамоати Ҳамид Алиев»-и н.Зафаробод.

    -Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии ҷамоати Равшан»- и н.Зафаробод

    -Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии ҷамоати Ашт»-и н.Ашт.

    -Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии ҷамоати Ошоба»-и н.Ашт.

    -Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии ҷамоати Янгиҳаёт»-и н.Ҷ.Расулов.

    -Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии ҷамоати Гулхона»-и н.Ҷ.Расулов.

    -Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии ҷамоати Қистакуз»-и н.Б.Ғафуров.

    -Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии ҷамоати Овчиқалъача»-и н.Б.Ғафуров.

    -Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии ҷамоати Лаккон»-и н.Исфара.

-Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази дастгирии ҷамоати Чоркӯҳ»-и н.Исфара.

1.5.Маҳали ҷойгиршавии Фонд: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи ба номи Камоли Хуҷандӣ-83  

  1. МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ФОНД

 2.1.Фонд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб  меравад ва онро аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш, соҳиб  мешавад.        

    Ҳолатҳои ҳуқуқии  Фондро  қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон ва Оинномаи мазкур     муайян менамояд.

2.2.Фонд ташкилоти молиявии хурди ғайритиҷоратӣ буда, аъзогӣ надорад ва дар асоси  иҷозатномае, ки аз тарафи Бонки миллии  Тоҷикистон дода шудааст, фаъолият намуда, қарзхои хурд медиҳад.

2.3.Фонд барои ба амал баровардани мақсадҳои фаъолияти худ ҳуқуқ дорад,  ки аз номи худ хариду фурӯш намояд,  дорои молу мулк ва ҳуқуқҳои шахсии ғайри молу мулкӣ ва ӯҳдадориҳо бошад,  дар назди суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.

2.4.Фонд дорои баланси мустақилона буда, дар асоси ҳисоби пурраи хоҷагӣ,  худмаблағгузорӣ, аз он чумла бо асъори хориҷӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мебарад.

2.5.Молу мулке, ки ба Фонд аз тарафи муассисон дода  шудааст, моликияти Фонд    мебошад. Муассисон аз руи ӯҳдадориҳои Фонд ҷавобгар намебошанд. Фонд низ аз руи ӯҳдадориҳои муассисон  ҷавобгар намебошад.

Инчунин Фонд аз руи ӯҳдадориҳои давлат ҷавобгар нест ва давлат ба ӯҳдадориҳои Фонд ҷавобгар намебошад.

Фонд аз руи ӯҳдадориҳои худ бо молу мулки хеш мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон  ҷавобгар аст.

 2.6.Фонд ҳуқуқи боз намудани ҳисобҳои махсус, арзӣ ва дигар намуди ҳисобҳоро дар ҳар гуна бонкҳо, чи дар Тоҷикистон, ҳамчунон берун аз он барои ҳифзи воситаҳои пулӣ ва  ба  роҳ  мондани ҳамаи намудҳои амалиётҳои ҳисобӣ, қарзӣ ва хазинавиро  дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории дахлдори  давлатҳои хориҷӣ дорад.
 Дар сурати ба даст овардани фоида, он байни муассисони Фонд тақсим карда намешавад  ва ҷиҳати амалӣ намудани корҳое, ки  ба мақсади он Фонд таъсис дода шуда буд, равона карда мешавад.

 2.7.Фонд самти фаъолияти худ, стратегияи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва техникиро мустақилона муайян менамоянд.

2.8.Фонд комилҳуқии соҳибмулкиро татбиқ намуда, мувофиқи Оиннома амволи худро соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд.

2.9.Муносибатҳо байни Фонд ва муштариёни он бо таври шартномавӣ муайян карда мешавад. 

2.10.Фонд ҳар сол ҳисоботи худро дар асоси талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр менамояд.

2.11.Фонд дорои мӯҳри давра, рамзи фирмавӣ ва  аломати  тиҷоратӣ мебошад, ки намунаашро Шӯрои парасторони Фонд тасдиқ мекунад.

III. МАҚСАД, ВАЗИФАҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ ФОНД

3.1.Мақсади Фонд —  ин гузоштани саҳми худ дар пастшавии сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии  мардум дар Тоҷикистон бо пешниҳод намудани хизмати қарзии хурд ва лизинг бо мақсади беҳтар намудани ҳама намуди истеҳсолот, барои пешравии соҳибкорӣ, инчунин васеъ кардани имконияти амал кардани активҳои иқтисодии аҳолӣ ба хизматҳои молиявӣ.

Мақсадҳо ва вазифаҳои Оинномавии худро Фонд бо тарзи зайл амалӣ  менамояд;

— гузаронидани тренингҳо ва машваратҳои тичоратӣ;

    — пайдо намудани имкониятҳо барои рушди тиҷорати муштариёни Фонд;

    — таъмин ва пешниҳод ба муштариён қарзҳо барои пешрафти тиҷорат дар ҳама соҳаҳо;

    — паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва масъалаҳое, ки ба он алоқаманд аст;

    — пешбурди тиҷорати оилавӣ дар истеҳсолот ва дигар соҳаҳо;

    — пешбурди тиҷорати хурд ва миёна дар истеҳсолот ва дигар соҳаҳо;

    — рушди соҳибкории хурд ва  миёна;

    — таъсиси ҷойхои корӣ.

Фонд барномаҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ва дигар фаъолиятҳоро аз ҳисоби сармояи худ, сармояҳои қарзӣ, фоидае, ки аз таъмин ва пешниҳоди қарзи хурд ва дигар сарчашмаҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва ба даст даровардааст, маблағгузорӣ менамояд.

3.2.Фонд барои ноил шудан ба мақсад ва вазифаҳои хеш, чунин намудҳои фаъолиятро ба амал мебарорад.

— пешниҳоди қарзҳои хурд;

    — бастани қарордодҳои форвардӣ ва своп барои худ.

3.3.Фонд метавонад намудҳои фаъолияти номбаршударо фақат баъди қайди баҳисобгирӣ ва гирифтани шаҳодатномаи Бонки миллии Тоҷикистон бевосита ё бавосита  амалӣ намояд.

IV.ҲУҚУҚ ВА +ҲДАДОРИҲОИ ФОНД

 4.1. Фонд ҳуқуқ дорад:

-танҳо ба фаъолияти пешбининамудаи қонунгузорӣ ва иҷозатнома машғул шавад;
-маблағҳои озоди худро дар ташкилотҳои қарзӣ ҷойгир намояд;

    -тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи андозаи қарзи хурд  ба     иҷораи  молиявӣ  (лизинг) машғул шаванд, ҳамчунин аз ташкилотҳои қарзӣ, шахсони воқеию  ҳуқуқии ватанӣ ва  хориҷӣ қарз гирад.

 4.2.Фонд ҳуқуқ надорад:

-ба фаъолияте, ки қонунгузорӣ ва ё иҷозатнома пешбинӣ накардааст, машғул шавад;
-бо асъори хориҷӣ қарз диҳанд;

    -дар бозори коғазҳои қиматнок фаъолияти касбиро анҷом диҳад;

    -ба фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва суғурта машғул шавад;

-соҳиби молу мулки ғайриманқул гардад, ба истиснои молу мулки ғайриманқуле, ки барои таъмини фаъолияти худ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии кормандон, аз ҷумла таъмини онҳо бо манзил зарур аст.

 4.3.Фонд ӯҳдадор аст молу мулки ғайриманқулеро, ки дар рафти гузаронидани амалиёти бонкӣ ба даст овардааст, ҳангоми зарар надидан дар муддати се моҳ ва дар дигар ҳолатҳо дар муддати на дертар аз ду соли баъди ба даст овардани он фурушад.

V.СОЛИ МОЛИЯВИИ ФОНД

    5.1.Соли молиявии Фонд  1 январ оғоз ёфта, 31 декабр анҷом меёбад.

VI.БУРДАНИ БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТ

6.1.Фонд мувофиқи тартиботи муайян, ки дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон муқаррар шудааст, ҳисоботи муҳосибӣ ва оморӣ мебарад.

6.2.Фонд дар мӯҳлат ва тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон муайян кардааст, ҳисоботҳоро ба мақомотҳои давлатии дахлдор, пешниҳод менамояд.

6.3.Ҳуҷҷатҳои молиявӣ, оморӣ, ҳисоботӣ ва ғайра, ки доир ба фаъолияти Фонд  алоқаманд мебошанд, бояд маҳфуз нигоҳ дошта шаванд.

VII.ТАҚСИМОТИ ФОИДАҲОИ ФОНД

7.1.Фоидае, ки дар Фонд баъд аз пардохти  андоз  ва  дигар пардохтҳо ба буҷа (фоидаи соф) боқӣ мемонад, таҳти  ихтиёри  пурраи Фонд қарор мегирад.

7.2.Мувофиқи қарори Шӯрои парасторони Фонд,  фоидаи соф байни муассисони Фонд тақсим карда намешавад  ва ҷиҳати амалӣ намудани корҳое, ки  ба мақсади он Фонд таъсис дода шудаааст, равона карда мешавад.

7.3.Фоида пардохт карда намешавад, агар:

 -агар ҳангоми пардохт Фонд  ҷавобгӯи муфлисӣ бошад;

 -агар дар лаҳзаи пардохт арзиши активҳои софи Фонд аз  сармоияи оинномавӣ ва фонди захиравӣ кам бошад ё  дар  натиҷаи  пардохт онҳо кам шаванд;

    -дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

7.4.Зарарҳое, ки дар натиҷаи  фаъолияти  Фонд  ба  вуҷуд меоянд, аз ҳисоби фонди захиравии Фонд ва дар ҳолати кифоя набудани онҳо аз ҳисоби дигар воситаҳои дар ихтиёри Фонд  мавҷуд буда, пардохт карда мешавад.

7.5.Фоида ва дигар воситаҳои молиявии ба даст оварда, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба фондҳои зерин аз тарафи Шӯрои парасторони Фонд тақсим карда мешавад:

-Фонди рушди фаъолияти молиявии хурд;

    -Сандуқи қарзҳо;

    -Фонди захиравӣ;

VIII.ТАЪМИНИ ҲАВАСМАНДКУНИИ МУШТАРИЁН АЗ ТАРАФИ ФОНД

 8.1.Ҳавасмандгаронии муштариёни  Фонд бо таври зерин ба роҳ монда мешавад:

-гузаронидани машваратҳо доир ба хизматрасонии Фонд;

    -пешниҳод намудани маълумот оиди қарзҳои хурд;

    -пешниҳод намудани карзҳои хурд бо фоизҳои пастарин;

-омода намудани ҳуҷҷатҳо ба муштариён барои гирифтани қарзи хурд аз Фонд;

    

IX.МУАССИСОНИ ФОНД

9.1.Муассисони Фонд дар банди 1.4. Оинномаи Фонд номнавис карда шудаанд.

    9.2.Ба салоҳияти истиснои Маҷлиси умумии Муассисони Фонд шомил мебошад:
    -интихоби ҳайати ибтидоии Шӯрои парасторони Фонд.

X.МАҚОМОТҲОИ ФОНД

10.1.Мақомоти идоракунии Фонд инҳо мебошанд:

— Мақоми олии идоракунӣ – Шӯрои парасторони Фонд;

    — Мақоми ичроия — Раёсат ва директори Фонд.

10.2. Дар Фонд комиссияи тафтишотӣ ё аудитори дохилӣ, ки ба мақомоти идоракунии Фонд дохил намебошанд, таъсис дода мешаванд.
10.3.Инчунин  Фонд ҳуқуқ дорад, дар асоси қонунгузорӣ дигар мақомотҳоро, ки барои фаъолияти Фонд зарур мебошанд, таъсис диҳад. 

 

 

 

  1. XI. Ш+РОИ ПАРАСТОРОНИ ФОНД

11.1.Мақоми олии идоракунӣ – Шӯрои парасторони Фонд мебошад.

11.2.Ҳайати ибтидоии Шӯрои парасторони Фондро маҷлиси умумии муассисони Фонд  интихоб менамояд.

 11.3.Тағйироти  минбаъда  дар  ҳайати  Шӯрои  парасторони  Фонд  аз  ҷониби    

     Шӯрои парасторони он анҷом дода мешавад.
    11.4.Аъзои Шӯрои парасторони Фонд  вазифаҳои худро бе подош амалӣ менамоянд.

11.5.Муассисони Фонд узви Раёсати Фонд шуда наметавонанд.

 11.6.Ба ваколатҳои истисноии Шӯрои парасторони Фонд масъалаҳои зерин мансуб мебошанд:
-муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Фонд;

    -ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи Фонд;

    -азнавташкилдиҳии Фонд;

    -тасдиқи дастури Шӯрои парасторони Фонд;

   — интихоби аъзои комиссияи тафтишотии Фонд, тасдиқи низомномаи он ё тасдиқ  намудани нақшаи кории аудитори дохилӣ, инчунин бастани шартномаи меҳнатӣ бо аудитори дохилӣ;
-тасдиқи низомномаи Раёсати Фонд;

    -ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раиси Раёсати (директори) Фонд ва аъзои    Раёсати Фонд;

    -бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо директори Фонд;

    -таъсиси мақоми иҷроияи Фонд;

-таъсиси филиалҳо, кушодани марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурди Фонд Фонд, тасдиқи низомномаҳои онҳо ва  таъини роҳбарони онҳо;

    -интихоби раиси Шӯрои парасторони Фонд;

    -ворид намудани тағйирот ба ҳайати Шӯрои парасторони Фонд;

    -тасдиқи нақшаи солонаи корӣ ва буҷети Фонд;

    -тасдиқи намунаҳои мӯҳри давра, рамзи фирмавӣ ва  аломати  тиҷоратии Фонд;

    -назорати фаъолият ва истифодаи  молу мулки Фонд;

    -ихтиёрдорӣ ва истифодаи фоидаи Фонд;

    -интихоби аудитори берунии Фонд ва тасдиқи андозаи подоши хизмати он;

    -тасдиқи ҳисоботи солонаи Фонд.

11.7.Маҷлисҳои Шӯрои парасторони Фонд на камтар аз як маротиба дар се моҳ тибқи дастури он гузаронида мешаванд.

11.8.Маҷлиси Шӯрои парасторони Фонд метавонад бо ташаббуси раиси Шӯрои парасторони Фонд, на кам аз се яки аъзои Шӯрои парасторони Фонд ё директори Фонд, ҳамчунин бо талаби ташкилоте, ки санҷиши аудитории Фондро мегузаронад, даъват карда шавад.

11.9.Шӯрои парасторони Фонд ҳангоми иштироки на камтар аз нисфи аъзои он дар маҷлиси Шӯрои парасторони Фонд салоҳиятдор мебошад.
11.10.Қарорҳои Шӯрои парасторони Фонд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои он, ки дар маҷлиси Шӯрои парасторони Фонд иштирок доранд, қабул карда мешаванд.

11.11.Шӯрои  парасторони  Фонд инчунин метавонад, қарорҳо оид ба хар гуна масъалаҳое, ки ба фаъолияти Фонд тааллуқ доранд ва хилофи қонунгузорӣ намебошанд, ҳаллу фасл  намояд.

XII.МАҚОМИ ИҶРОИЯИ ФОНД

12.1.Мақоми иҷроияи Фонд — Раёсат ва директори Фонд ба ҳисоб меравад.

12.2.Раёсати Фонд дар ҳайати директори Фонд ва на камтар аз ду корманди он  таъсис дода мешавад.

12.3.Раиси Раёсати Фонд — директори Фонд мебошад.

12.4.Аъзои  дигари  Раёсати  Фондро  бо  пешниҳоди  директори Фонд Шӯрои  парасторони Фонд ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
12.5.Раёсати Фонд ҳангоми иштироки на камтар аз нисфи аъзои он дар маҷлиси Раёсати Фонд салоҳиятдор мебошад.

12.6.Қарорҳои Раёсати Фонд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои он, ки дар маҷлиси Раёсати Фонд иштирок доранд, қабул карда мешаванд.

12.7.Раёсати Фонд  дорои ваколатҳои зерин мебошад:

-роҳбари ба фаъолияти ҷории Фонд;

    -барои тасдиқ ба Шӯрои парасторони Фонд пешниҳод кардани буҷет, сохтор ва низоми  музди меҳнати кормандони Фонд;

    -пешниҳоди лоиҳаи қарорҳо ба Шӯрои  парасторони Фонд, ки қабули онҳо ба ваколати Шӯрои парасторони Фонд мансуб мебошад;

   -пешниҳоди номзадҳо барои роҳбарии филиалу марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурди Фонд. 
 12.8.Раёсати Фонд инчунин метавонад, қарорҳо оид ба ҳар гуна масъалаҳое, ки ба  фаъолияти Фонд  тааллуқ доранд ва хилофи қонунгузорӣ намебошанд, қабул намояд.

XIII.ДИРЕКТОРИ ФОНД

13.1.Директори Фонд  фаъолияти ҷории Фондро амалӣ менамояд.

13.2.Директори Фонд дорои ваколатҳои зерин мебошад:

-бе ваколатнома аз номи Фонд амал карда, манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, аз ҷумла ташкилотҳои  байналмилалӣ  намояндагӣ мекунад;

    -иҷрои қарорҳои Раёсат ва Шӯрои парасторони Фондро таъмин менамояд;
    -оид ба масъалаҳои  фаъолияти ҷории Фонд амру фармонҳо мебарорад;
    -кормандони Фондро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

    — ӯҳдадориҳои вазифавиро байни муовинонаш тақсим менамояд;

    -ваколатҳои дигари ба фаъолияти Фонд вобастаро, ки ба ваколати Раёсат ва Шӯрои парасторони Фонд дохил намешаванд, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.

13.3.Директори Фонд инчунин метавонад, ба ҳар гуна масъалаҳое, ки ба фаъолияти Фонд  тааллуқ доранд ва хилофи қонунгузорӣ намебошанд, қабул намояд, ба истиснои онҳое, ки ба дигар мақомоти  Фонд вогузор карда шудаанд.

13.4.Муовинони директор аз ҳисоби кормандони Фонд таъин карда мешаванд. Яке аз  муовинони директор дар ҳолати  набудани ӯ бо  сабабҳои муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ, рухсатии меҳнатӣ, сафари  хизматӣ  ё  бо  дигар  сабабҳои  асоснок,  ичрокунандаи вазифаҳои директор мешавад.

XIV.КУМИТАИ ҚАРЗИИ ФОНД ВА ВАКОЛАТИ ОН

14.1. Фонд Кумитаи қарзӣ таъсис медиҳад.
 Кумитаи қарзӣ – ин мақоми машваратӣ ва қарор қабулкунанда буда, аз ҳисоби кормандони ваколатдори Фонд иборат мебошад.
14.2.Мақсади таъсиси фаъолияти Кумитаи қарзӣ ин қабули қарори объективона, мустақилона дар бораи додани қарзи хурд барои таъмини кафолатнок ва барқарорсозии сатҳе, ки қарзҳои  хурд  бо тавакали  минималӣ  барои  Фонд пешниҳод кардааст, мебошад.

14.3.Кумитаи қарзӣ дар кори худ қонунгузории Ҷумҳури Точикистон, Оинномаи мазкур, қоидаҳои дохилии сиёсати қарзии Фонд, санадҳои меъерӣ-ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро таҳти роҳбарӣ мегирад.

14.4.Салоҳиятҳои асосии Кумитаи қарзӣ инҳо мебошанд:

-қабули қарор дар бораи  пешниҳод намудани қарзи  хурд, муайян намудани  шароитҳо, ки  ба онҳо қарзи  хурд дода мешавад;

    -баррасии   имкониятҳо  ва  қабули  қарорҳо  дар  бораи  дароз  кардани  қарзи  хурд  ва шароитҳои тағйири шартномаи қарзӣ ва гарав;

    -қабули қарор дар бораи  муроҷиат  кардан  ба  суд  ва  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади баргардонидани қарзҳои хурд;

   -қабули қарор дар бораи ҷарима намудан барои гузаронидани мӯҳлати бозгардонии қарз;

    -қабули қарор дар бораи аз ҳисоб баровардани қарзхои хурд.                              

14.5.Ҳамаи аъзои Кумитаи қарзӣ  барои  қабули  қарорҳо дар бораи додани қарзҳои хурд чавобгариро  ба  душ  дорад, агар  онҳо бо вайрон  кардани  санадҳои меъерӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият  дароварда  шуда  бошанд. Андозаи  чавобгарӣ  ба ҳар як ҳолати  алоҳида мувофиқи қонунгузории амалкунанда ва қоидаҳои дохилии Фонд муайян карда мешавад.

14.6.Набудани аъзои Кумитаи қарзӣ дар ҷаласа ӯро аз ҷавобгарӣ барои қабули қарори Кумитаи қарзӣ истисно намекунад, агар қарор дар асоси ҳуччатҳое, ки узви дар ҷаласа иштирок накардаи Кумитаи қарзӣ таҳия кардааст, бароварда шуда бошад

 14.7.Барои қабули қарорҳо оид ба баррасии аризаҳо ва додани қарзхои хурд, Кумитаи қарзӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.

 14.8.Ҳайат, тартиби узви Кумитаи қарзӣ шудан, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, ҷавобгарии аъзои Кумитаи қарзӣ, ваколатҳои Кумитаи қарзӣ бо Низомнома  «Дар бораи Кумитаи қарзӣ», ки Раёсати Фонд тасдиқ менамояд, муқаррар карда мешавад.

  1. XV. АМВОЛИ ФОНД

15.1.Шакли амволи Фонд — хусусӣ аст.

15.2.Маблағҳои пулие (молу мулк), ки ба Фонд аз ҷониби муассисон дода шудаанд, моликияти Фонд мебошад.

15.3.Муассисон ҳуқуқи  молу мулкиро нисбат ба Фонди таъсисдодаи онҳо надоранд ва аз руи ӯҳдадориҳои Фонд ҷавобгар  намебошанд.

15.4.Фонд  аз руи ӯҳдадориҳои муассисони худ ҷавобгар  намебошад.

15.5.Фонд  молу мулки худро ба мақсадҳои Оинномавӣ истифода мебарад.
15.6.Дороиҳои Фонд наметавонанд ба муассисон, аъзои мақомоти идоракунӣ, кормандони Фонд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон дода ва ё ба манфиати онҳо ройгон истифода карда шаванд.

15.7.Ба Фонд метавонад тааллуқ дошта бошад,- бино, иншоот, таҷҳизот,  воситаҳои нақлиёт,  маҳсулоти истеҳсолшуда, молҳо, воситаҳои пулӣ ва дигар молу мулке, ки ба мақсадҳои фаъолияти Фонд мувофиқанд.

15.8.Амволи Фонд танҳо бо қарори суд мувофиқи  салоҳияти он мусодира карда мешавад.

15.9.Ҳуқуқи ихтиёрдории амвол, ба ғайр аз амволе, ки  ба Фонд барои истифода дода шудааст, танҳо ба худи Фонд мутобиқи тартиботи бо ҳамин Оиннома муайян карда шуда  ва  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  тааллуқ дорад.

15.10.Дар муносибат бо амволи худ Фонд ҳамаи аҳдҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашударо, амалӣ карда метавонад.

15.11.Фонд мустақилона барои ӯҳдадории худ бо ҳар  як  амволи ба он тааллуқ дошта, масъул аст.

15.12.Ҳамаи  амволи Фонд, фоида аз фаъолияти  соҳибкорӣ  бадастоварда моликияти он мебошад ва байни муассисони Фонд  тақсим  карда  намешавад. Фонд  амволи  худро мувофиқи таъиноташ ва фақат барои ноил шудан ба мақсадҳои Оинномавӣ соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ мекунад. Муассисони Фонд ҳуқуқ доштани моликият ба амволи Фонд, аз ҷумла ба қисми он, ки аз ҳисоби воситаҳои аъзоҳаққӣ ва хайрияҳои Муассисон ташкил шудаанд, надоранд.

15.13.Фонди рушди фаъолияти молиявии хурд барои ба даст овардани амвол ва активҳои ғайримоддие, ки барои васеъ  кардани фаъолияти молиявии хурд, кушодани  филиалҳо  ва марказҳои хизматрасонии маблағгузори хурд, баланд  бардоштани  малакаи  кормандони  Фонд, барои дигар  самти  рушди  фаъолияти  молиявии  хурди  Фонд,  истифода бурда мешавад.

15.14.Ҳамаи амволи Фонд аз ҳисоби ҳиссаҳои Муассисон, воситаҳои донорҳо, ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ, аъзоҳаққии бебозгашт, воситаҳо аз хизматрасониҳо, иҷрои корҳо ва дигар хайрияҳои ихтиёрии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин аз натиҷаи фаъолияти хоҷагию молиявии Фонд ташаккул меёбад.

15.15.Фонд ҳуқуқ дорад дар моликият ҳар гуна амволҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, аз ҷумла воситаҳои пулӣ, дигар коғазҳои қиматноке, ки  ба даст овардааст ё аз тарафи шаҳрвандон, ташкилотҳо, ҳамчунин резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, дошта бошад.

15.16.Фонди захиравӣ аз руи Сиёсати Қарзии Фонд муайян мешавад.

XVI.КОРМАНДОНИ ФОНД

16.1.Директори Фонд мустақилона шумора ва тартиби пардохти музди меҳнати ҳамаи кормандони штатиро мувофиқи нақшаи солонаи корӣ ва буҷети Фонд, ки Шӯрои парасторони Фонд тасдиқ кардааст, муайян менамояд.

16.2.Қабул, озод намудан ва ҳалли муноқишаҳо бо кормандони штатии Фонд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон суръат мегирад.

 16.3.Кормандони Фонд ба кор аз руи қоида, мувофиқи шартнома қабул карда мешаванд.

16.4.Кормандони Фонд воҷиби суғуртаи давлатии ичтимоӣ мебошанд.

16.5.Ба ҳама кормандони Фонд паҳн намудан ба шахсони сеюм ё ғайриқонунӣ истифода бурдани иттилооти махфӣ, ки дар иҷрои ӯҳдадориҳои худ  ба он даст доранд, манъ  карда шудааст.

 Манъ кардани паҳни иттилоот, инҳоро дар бар мегирад:

   -роҳ надодан ба истифодаи маълумоте, ки аз муштарӣ ба манфиати ташкилоти маблағгузори хурд ё ягон шахси дигар гирифта шудааст, ба истиснои истифодаи он бо иҷозат ё бо дастури муштарӣ;

   -паҳн накардани маълумот ба тарафи сеюм, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

XVII. СОХТОРҲОИ ВОҲИДИИ ФОНД

17.1.Фонд метавонад  филиал  ва марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурд,  чамъиятҳои фаръи дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он бо риоя  намудани  талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории дахлдори давлатҳои хориҷӣ аз руи ҷойи воқеъ гардидани филиалҳо, марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурд, ҷамъиятҳои фаръӣ, агар шартномаҳои байналхалқӣ  тартиби  дигарро  муайян накарда бошад, кушояд.

Филиал ва марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурди Фонд шахси ҳуқуқӣ намебошанд ва дар асоси низомномаҳое, ки аз тарафи Шӯрои парасторони Фонд тасдиқ карда мешаванд, фаъолият мебаранд.

17.2.Ба марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурд ва филиалҳо воситаҳои асосӣ ва гардишӣ аз ҳисоби Фонд дода мешавад.

    17.3.Фонд оид ба ӯҳдадориҳои филиалу марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурди   

          худ ҷавобгар мебошад.

    17.4.Роҳбарони филиалу марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурдро Шӯрои парасторони Фонд бо пешниҳоди  Раёсати Фонд таъин мекунад  ва онҳо дар асоси Низомнома оиди фаъолияти филиалҳову марказҳои хизматрасонии маблағгузории хурд амал мекунанд.

                  XVIII. НАЗОРАТИ  БЕРУНӣ ВА ДОХИЛИИ ФОНД.
18.1.Фонд барои гузаронидани аудити берунӣ ташкилотҳои аудиторие, ки дорои иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд, таъин менамояд.
    Аудити берунии ҳисоботи молиявии солонаи Фонд ҳар сол гузаронида мешавад,
Фонд наметавонад пай дар пай як ташкилоти аудиториро ба мӯҳлати зиёда аз се сол аудитор таъин намояд.
   Ташкилоти аудиторӣ хулосаи аудиторӣ ва назари аудиторӣ омода намуда, дар бораи вазъи молиявии Фонд ба Шӯрои парасторони Фонд маълумоти муфассал пешниҳод менамояд. Фонд дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи баъди дастрасии хулосаи аудиторӣ ва тавсияномаҳои ташкилоти аудиторӣ, нусхаи онҳоро ба Бонки миллии Тоҷикистон ирсол менамояд.
18.2.Назорати дохилии Фондро комиссияи тафтишотӣ ё аудитори дохилӣ мегузаронанд.
    Комиссияи тафтишотии Фонд аз 3 (се) нафар иборат буда, аз тарафи Шӯрои парасторони Фонд ба муҳлати 1 (як) сол аз ҳисоби кормандони Фонд, тасдиқ мегардад. Раиси комиссияи тафтишотиро аъзоёнаш интихоб мекунанд.
Аудитори дохилӣ аз як нафар корманди дар ҷадвали мансабҳо пешбинишуда иборат мебошад.
   18.3.Аъзои комиссияи тафтишотӣ ва ё аудитори дохилӣ наметавонанд аъзои Шӯрои парасторони Фонд ва Раёсат бошанд.
   18.4.Комиссияи тафтишотӣ  санчиши  нақшавӣ ва ғайринақшавии  фаъолияти хочагию молиявии Фондро мегузаронад. Комиссияи тафтишотӣ дар асоси низомнома, ки онро Шӯрои парасторони Фонд тасдиқ мекунад, амал менамояд. Дар асоси ҳуччатҳои  пешниҳодшудаи  Раёсат ва натиҷаи фаъолияти Фонд, комиссияи тафтишотӣ  ҳисоботи  солонаро  дар  бораи  кори Фонд  ба  Шӯрои парасторони Фонд пешниҳод менамояд.
Аудитори дохилӣ бо мақсади такмили фаъолияти Фонд баҳои объективона ва маслиҳатҳо дода, ташкил ва гузаронидани аудити дохилиро дар Фонд таъмин менамояд. Аудитори дохилӣ дар бобати такмили баҳодиҳии хавфҳо, идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ тавсияҳо дода, ба амалӣ гардидани ҳадафҳои Фонд мусоидат менамояд.
Аудитори дохилӣ аз тарафи Шӯрои парасторон таъин карда мешавад.
Аудитори дохилӣ дар асоси нақшаи корӣ, ки онро Шӯрои парасторон тасдиқ мекунад, фаъолият мекунад ва ба Шӯрои парасторон ҳисобот медиҳад.
18.5.Хароҷотҳо барои гузаронидани назорати берунӣ ва дохилӣ ба хароҷоти Фонд тааллуқ дорад.                

                   IXX. РОБИТАҲОИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ФОНД
19.1.Фонд метавонад ба иттиҳодияҳои чамъиятии байналхалқӣ дохил шавад ва робитаҳо, алоқаҳои бевоситаи байналхалқиро дастгирӣ намояд, пеш аз ҳама бо дигар ташкилотҳои молиявии хурд.
         XX.ТАРТИБИ  АЗ НАВТАШКИЛДИҲӢ ВА  БАРҲАМДИҲИИ  ФОНД
20.1.Азнавташкилдиҳии Фонд дар шакли тақсимшавӣ, ҷудошавӣ ва табдилдиҳӣ манъ аст.
20.2.Барҳамдиҳии Фонд тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
20.3.Ҳангоми барҳам додани Фонд масъалаҳои марбут ба маблағҳои пулӣ ва молумулки баъди иҷрои ӯҳдадориҳо боқимондаи он, аз ҷумла ҳамаи ҳуҷҷатҳо (идоракунанда, хоҷагию молиявӣ, оид ба ҳайати шахсӣ ва ғайра) дар сурати набудани ворисони ҳуқуқӣ тибқи қонунгузорӣ аз тарафи суд ҳал карда мешаванд.      
 20.4.Барҳамдиҳии Фонд аз вақти ворид намудани навиштаҷоти дахлдор ба феҳрасти   давлатии  бақайдгирии барҳамдиҳии шахсони  ҳуқуқӣ  ҳисобида мешавад.                                                                            

          XXI .ТАҒЙИРОТ ВА ИЛОВАҲО БА ОИННОМАИ ФОНД
21.1.Тағйирот ва иловаҳо ба Оинномаи Фонд бо қарори  Шӯрои парасторони Фонд ворид карда мешавад.
21.2.Тағйирот ва иловаҳо ба Оинномаи Фонд аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданашон, эътибори ҳуқуқиро пайдо мекунад.
           XXII.ЭЪТИБОРИ ҲУҚУҚИ ПАЙДО КАРДАНИ ОИННОМА
22.1.Оиннома аз рӯзи ба қайди давлатӣ гирифта шудани Фонд, эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад.
22.2.Аз лаҳзаи аз нав ба қайди давлатӣ гирифтани Оинномаи мазкури Фонд, Оинномаи қаблан ба қайди давлатӣ гирифташудаи Фонд, эътибори ҳуқуқии худро гум мекунад.

                        XXIII. ТАРТИБИ ҲАЛЛИ БАҲСҲО
23.1.Ҳар гуна баҳсҳо ва гуногун фаҳмиҳо оид ба масъалаҳои фаъолият ва барҳамдиҳиии (азнавташкилдиҳии) Фонд, бояд тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардад.Дар сурати хал нашудани баҳсҳо, онхо бояд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомотҳои судӣ ва дигар мақомотҳои давлатӣ сурат гирад.

 

 

 

Рубрики

At vero eos et accusamus et iusto odio digni goikussimos ducimus qui to bonfo blanditiis praese. Ntium voluum deleniti atque.

Melbourne, Australia
(Sat - Thursday)
(10am - 05 pm)
Melbourne, Australia
(Sat - Thursday)
(10am - 05 pm)