Ақидаи муштарии Фонд Абдуллоева Шарофат, омӯзгори мтму №66- ноҳияи Исфара
Сипоснома ба «Рушди Суғд»
Фонди қарзи хурдиву аммо бузург аст кори ту,
Қарзгиру қарздорон-хурду кӯчак ёри ту.
Халқи муҳтоҷ аз дарат ҳаргиз нагарданд ноумед,
Рушди Суғд ҳастиву мебахшӣ ту ононро умед,
Умри ту, ҳам ризқу рӯзии ту бошад бегазанд,
Шав барои халқи тоҷик ташкилоти дилписанд.
Дар раҳи умр ҳарки шуд дармонда, ҷомонат гирифт,
Инқадар ҳимматбаландии туро дорам шигифт,
Сабз гардад ҷовидона боғи «Рушди Суғд»-и Суғд.
Устувору маҳкаму хушкор монад «Рушди Суғд».
Ғофил аст, ҳарки зи ҳимматҳои ин бонки наҷиб,
Дасти ҳайрат мегазад в-он гоҳ мегӯяд: аҷиб.