Таҷлили «Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз»

Ҳамасола санаи 31-уми октябр дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамчун «Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз» ҷашн гирифта мешавад.

Мақсад аз таҷлил ва баргузор намудани чорабиниҳо дар доираи «Рӯзи умумиҷаҳонии пасандоз» баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, хусусан ҷавонон оиди самаранок нигоҳ доштани маблағҳои пулӣ ва оқилона сарф кардани он мебошад.

Имсол низ тибқи анъана аз 10 октябр то 31 октябр бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон аз тарафи кормандони Фонди Қарзии Хурди «Рушди Суғд» дар ноҳияҳои дурдасти кишварамон Зафарабод, Ашт, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров бахшида ба нақши муҳимми пасандоз дар мустақилияти молиявии аҳолӣ чорабиниҳо баргузор карда шуд.

Дар доираи чорабиниҳо кормандони Фонди Қарзии Хурди «Рушди Суғд» бо иштироки ҷавонон, мактаббачагон ва дигар қишри аҳолӣ дар мавзӯи «Пасандоз», «Пасандози оилавӣ», «Фаъолияти бонкҳо ва дигар ташкилотҳои маблағгузор дар самти ҷалби пасандози аҳолӣ», семинарҳо гузарониданд.

Ҳангоми гузаронидани чунин омӯзишҳо ва семинарҳо ба аҳолӣ фаҳмонида дода шуд, ки бояд ҳар як нафар бо мақсади мустақилии молиявии худ дар бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузор пасандоз намояд ва оянда барои беҳбудии зиндагии худ замина гузорад.

Дар рафти чунин семинарҳо иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Чунин иқдомҳо барои омӯхтани тарзи пасандоз намудани пул ва оқилона истифода бурдани маблағҳои пулӣ, дуруст идоракунии имкониятҳои молиявии аҳолӣ зарур мебошад.  Зеро саводнокии молиявии ҳар як шахс дар умум барои беҳбудии сатҳи зиндагонии тамоми аҳолии кишвар ва баланд шудани иктисодиёти кишварамон мусоидат мекунад.

Ҳадафи асосии Фонди Қарзии Хурди «Рушди Суғд» ин паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аст, ки яке аз роҳҳои расидан ба ин ҳадаф баланд бардоштани маданияти иқтисодии аҳолӣ бо роҳи чунин чорабиниҳо, семинарҳо, тренингҳо ва омӯзишҳо мебошад.

Архивы

Рубрики

At vero eos et accusamus et iusto odio digni goikussimos ducimus qui to bonfo blanditiis praese. Ntium voluum deleniti atque.

Melbourne, Australia
(Sat - Thursday)
(10am - 05 pm)
Melbourne, Australia
(Sat - Thursday)
(10am - 05 pm)